Дар Қирғизистон мехоҳанд ба доктрина ё самтгириҳои низомии ин кишвар истилоҳи “таҷовузи хориҷӣ” ворид шавад ва ҳамзамон, президент Содир Ҷабборов таҳдид кард, ки “барои посух додан ба ҳама гуна таҷовузгар омода мебошад.”
Рӯзи 13-уми июн дар Бишкек дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Қирғизистон пешниҳод шуд, ки ба тарҳи доктринаи нави ҳарбии ин кишвар истилоҳи “таҷовузи хориҷӣ” ворид карда шавад.
Ҷеенбек Қулубаев, вазири корҳои хориҷӣ, ки матбуоти маҳалллӣ ӯро ташаббускори ин пешниҳод номидааст, бидуни овардани исми Тоҷикистон гуфтааст, зарурати дар матни ин санади раҳбурдии сиёсати низомии Қирғизистон ворид кардани истилоҳҳои “таҷовуз” ва “таҷовузи хориҷӣ” вуҷуд дорад. Дипломати баландпояи Қирғизистон гуфтааст, “шумо ёд доред, ки солҳои 2021 ва 2022 чӣ ҳодисаҳое рӯй дод. Аз ҳамин хотир амалҳои мо зидди таҷовуз бояд ба матни ин доктрина ворид карда шаванд.”
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон апрели соли 2021 ва сентябри соли 2022 муноқишаҳои пурқурбонии низомӣ сар зад ва ҳарду кишвар ҳамдигарро дар шурӯи ин низоъ гунаҳгор карданд. Дар ин ҳодисаҳо даҳҳо нафар куштаву захмӣ гардид ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳодисаҳои фаровони поймолшавии ҳуқуқи инсон, худдории ҳукуматҳо дар Бишкеку Душанбе аз эътирофи иштибоҳҳояшон ва ҳам созмони Ҳюман Райтс вотч аз эҳтимоли содир шудани ҷиноятҳои ҷангӣ аз ҷониби ҳарду тараф интиқод карданд.
Ба навиштаи матбуоти қирғизӣ, дар ҷаласаи ахири президентон, Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон, дар Қирғизистон бо иштироки президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар аввали моҳи июн ду раҳбар ба мувофиқа расиданд, ки ҷараёни аломатгузории марзро дар фазои сулҳу оромӣ, бо эҳтиром ба ҳамдигар ва дар фурсати кӯтоҳ ба анҷом мерасонанд. Рӯзи 13 июн дар ҷаласаи Шӯрио амният президент Содир Ҷабборов бо пешниҳоди ба доктринаи низомии Қирғизисон ворид кардани истилоҳи “таҷовузи низомӣ” розӣ шудааст.
Ӯ чунин гуфтааст: “Аз ҳама гуна низоъ пешгирӣ кардан мумкин аст ва ҳам танҳо бо роҳи дипломатӣ бояд ҳал кард. Мо дар сиёсати дохиливу хориҷӣ аз ин принсип кор мегирем. Вале айни замон, вақте нисбати мо таҷовузи хориҷӣ сурат мегирад ва мардуми мо ҷон медиҳанду хонаву зербунёдҳои дигари мо харобу оташ зада мешаванд, мо ҳамин тавр нишаставу тамошо карда наметавонем. Мо омода ҳастем ба ҳама таҷовузгар посух бидиҳем.”
Дар бораи қабули доктринаи ҳарбии Қирғизистон моҳи майи соли 2022, як сол баъди низоъи мусаллаҳонаи, он замон бесобиқа, пурхушунат дар сарҳад хабар дода шуд. Ҷабборов дар суханронии худ гуфтааст, “дар шароити афзоиши таҳдидҳои амнияти низомӣ, системаи ҳарбию давлатии кишвар бояд тақвият дода шавад.”
Ба навиштаи матбуоти қирғизистонӣ, ӯ гуфтааст, кишвараш "бори аввал дар 30 соли истиқлолият мустақилона муҳимоти низомӣ харидааст", "на танҳо дастгоҳҳои парвозкунандаи "Байрақтар", балки дигар намуд дастгоҳҳои навтарин ҳам, ки назираш дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад", ду чархбол, инчунин чархболи навъи Ми-17В-5, маҷмаи мушакии "Печора‑2БМ" харидааст. "Ҳамроҳ бо Русия як системаи ягонаи минтақави дифои зиддиҳавоӣ эҷод кардем. Инро мешавад оғози кор номид ва мо тавони дифоии кишварро тақвият медиҳем,"- гуфтааст ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мақомоти тоҷику қирғиз аз "фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ" гуфтандБишкеку Тошканд "долони сабз" ташкил мекунандГумонбарони ғасби қудратро дар Қирғизистон ба ҳабс гирифтаандТаъйину нишонагузории марз. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов вохӯрдандҶабборов гуфт, ки раҳбарони пешини Қирғизистонро чӣ интизор аст