Мақомот гуфтанд, дар давоми ҳафтаи гузашта дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ҷаласае, ки аз 5 то 11-уми июн идома дошт, масъалаи идомаи кор дар самти аломатгузории марзи ду кишвар баррасӣ шуд.
Хабари баргузории ин ҷаласа дар матбуоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон ба як шева ва бидуни ҷузъиёт нашр шудааст.
Баъди ду муноқишаи пурхушунати марзӣ дар марзи Тоҷикистону Қрғизистон солҳои 2021 ва 2022 мақомот мегӯянд, "дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ" музокироти марзиро идома медиҳанд.
Муноқишаҳо дар марзи ду кишвар борҳо боиси кушта шудани даҳҳо нафар ва тахриби биноҳои маъмуриву истиқоматӣ шудааст. Ҳарду кишвар ҳамдигарро дар сар задани муноқиша айбдор медонанд.