Дар сӯхтори нисфирӯзии 13-уми июн дар бозори "Садовод"-и Маскав даҳҳо дукон ба коми оташ рафтааст.
Дар ин бозор ҳазорон муҳоҷири тоҷик ҳам кор мекунанд.
Сабаб ва зарари сӯхтор то ҳол эълон нашудаанд. Муҳоҷирон гуфтанд, ки чандин нафар маҷруҳ ва ба беморхона бурда шуданд.
Ҳанӯз маълум нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар ин сӯхтор осеб дидаанд ё на.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Хадамоти оташнишонии Маскав эълон кардааст, ки масоҳати сӯхтор 30 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
"Гурӯҳи наҷот сафарбар шудааст. Ҳанӯз талафот ва зарарро дақиқ накардаем,"--гуфтааст ин ниҳод дар хабарномае.
Бозори "Садовод" аз калонтарин бозори Маскав аст ва 9,5 ҳазор дукон дорад, ки дар он даҳҳо ҳазор нафар кор мекунанд.
Ин бозор 26 соли пеш дар масоҳати 40 гектар сохта шудааст. Рӯзона то 250 ҳазор нафар аз ин бозор харид мекунанд.