Динара Закиева ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Қазоқистон таъйин шуд. Дар ин бора фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имзо шудааст.
Закиева аз соли 2021 то 19-уми январи соли 2023 аз ҳизби "Нур Отан" дар порлумони Қазоқистон вакил буд. Вай бо ҳаммуаллифи тарҳи қонун дар бораи ҳифзи кӯдакон аз кибербуллинг буданаш маъруф аст.
Тарҳи қонуни мазкур, ки бештар бо номи "тағйироти Сарима-Закиева" шинохта мешавад, баъд аз он маъруф шуд, ки коршиносон дар он механизми бастани шабакаҳои иҷтимоиро пайдо карданд.