Шаппотии мудири пешин ба рӯйи рӯзноманигор

Идрис Исҳоқов мегӯяд, ӯро ҳангоми таҳқиқоти журналистӣ дар бораи истироҳатгоҳи "Уш" задаанд

Идрис Исҳоқов, рӯзноманигори мустақили таҳқиқгар дар Қирғизистон, хабар дод, ки рӯзи 12-уми июн ҳангоми сабти гузориш аз ҷониби мудири пешини истироҳатгоҳи "Уш" Маматкарим Койчуқулов латукӯб шудааст.

Навори лаҳзаи шаппотӣ задани Койчуқулов ба рӯи рӯзноманигор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Исҳоқов гуфт, ба пулис шикоят кард.

"Дар идораи пулис баёнот додам. Ба маҳзи рух додани ҳодиса пулисро ба ҷои ҳодиса даъват кардем", - гуфт Исҳоқов.

Вай афзуд, дар бораи ғайриқонунӣ аз худ кардани истироҳатгоҳи "Уш" гузориш таҳия мекард.

Идрис Исҳоқов чанд сол хабарнигори бахшии қирғизии Радиои Озодӣ буд. Ҳоло мустақилона ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ машғул аст.