Парвандаи куштори як модар бо ду кӯдаки ноболиғаш дар шаҳри Бишкек ба додгоҳ рафт. Дар ин бора аз Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 12-уми июн хабар доданд.
Шаби 17-уми феврали имсол дар шаҳри Бишек куштори се узви як хонавода сабт шуд.
Пулис ҷасади модар ва ду фарзандашро бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо кард. Модар 51, духтар 18 ва писар 7 сол доштааст.
Ба гумони куштори се узви ин оила Чинтемир Аширалиеви 36-сола боздошт шуд. Хешовандони зани кушташуда гуфтанд, Аширалиев падари кӯдаки 7-солаи кушташуда аст.