Намояндагони Додгоҳи ҷиноии байналхалқӣ дар Гаага ба таҳқиқи рахнаи сарбанди нерӯгоҳи Каховка шуруъ кардаанд. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод.
"Ахиран намояндагони Додгоҳи ҷиноии байналхалқӣ аз Херсоншина дидан карданд. Дар рӯзи аввали рӯйдод додситонии кулли Украина ба Додгоҳи байналхалқӣ барои таҳқиқи тахриби сарбанд муроҷиат кард. Таҳқиқ шуруъ шуд", - гуфт Зеленский.
Вай афзуд, мақомоти Украина барои таҳқиқи тахриби сарбанд ба Додгоҳи байналхалқӣ мадад мерасонанд.
"Ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои дигари мо ҷалб шудаанд. Дастрасии пурра ба минтақаҳои осебдида, ба шоҳидон, ба иттилоъ таъмин аст", - илова кардааст Зеленский.
Рахнаи сарбанди нерӯгоҳи Каховка шаби 6-уми июн рух дод. Сарбанд дар болооби дарёи Днепр ҷойгир аст.
Украина, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё масъулияти рахнаи сарбандро бар дӯши Русия гузоштанд. Киев гуфт, Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз ҳамлаи ҷавобии Украина ин корро кардааст. Ҷониби Русия иттиҳомро рад мекунад.