Мақомоти Тоҷикистон аз ҳукумати Фаронса хостаанд, Муҳаммадиқболи Садриддин, як фаъоли мухолифон ва мудири пойгоҳи "Ислоҳ", боздошт ва ба дасти онҳо супурда шавад.
Дархостро Вазорати корҳои хориҷӣ бар пояи қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фиристодааст. Он барвақттар ирсол шуда, чанд моҳи охир боз баррасӣ мешавад.
Вокуниши мақомоти Фаронса дастрас нест, аммо Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 12-уми июн ба Радиои Озодӣ дархости Тоҷикистонро "дорои ангезаи сиёсӣ" номид.
"Хабар ёфтам, ки мақомоти Тоҷикистон дар ҳама сатҳ барои боздошту истирдоди ман бо мақомоти Фаронса гуфтугӯ доранд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи сентябр ба Фаронса омаданист. Як масъалае, ки дар миён мегузорад, истирдоди ман аст," – афзуд ӯ.
Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми июн ҳуҷҷатеро дид, ки тибқи он мақомоти Тоҷикистон дар номае ба ҳамкорони фаронсавии худ Муҳаммадиқболи Садриддинро ба қаллобӣ дар соли 2010 муттаҳам кардаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон се сол пеш гуфта буд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин 430 ҳазор доллари се шаҳрванди Тоҷикистонро дар Дубай гирифтаву барнагардонд ва ба қаллобӣ ба миқдори зиёд (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад аст.
Муҳаммадиқболи Садриддин иттиҳомро "дурӯғ" ва "таъқиб" барои фаъолиятҳои сиёсияш донист.
Вай афзуд, шахсоне, ки Додситонии кул аз онҳо ҷабрдида ном бурд, баръакс, аз ӯ қарздоранд ва ба ин масъала рӯй овардани мақомот ангезаи сиёсӣ дорад.
"Қаллобӣ" ба мисли "моддаи 307" (ифротгароӣ; ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ) дар Тоҷикистон бештар барои боздошту ҳабси намояндагони мухолифон ё афроди номақбул барои ҳукумат истифода мешавад. Иззат Амон, яке аз пуштибонҳои ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бо айни модда дастгиру зиндонӣ шуд.
Муҳаммадиқболи Садриддини 44-сола дар Фаронса паноҳҷӯст ва солҳо боз дар сомонаи "Ислоҳ" ва саҳифаҳои ҳамноми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз амалкарди мақомот ба лаҳни тунд танқид мекунад. Дар гузашта мудири пойгоҳи "Васатият" буд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад