Дар пайванд ба марги 14 нафар дар сӯхторе дар вилояти Абайи Қазоқистон 12-уми июнро рӯзи мотами миллӣ эълом карданд.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ин хабарро рӯзи 11-уми июн дар мулоқот бо наздикони ҳалокшудаҳо расонд.
"Ман махсус омадам, ки ҳамдардиамро баён дорам. Ин барои ҳамаи мардуми мо фоҷиа аст. Ғамшарикам. Ман ба ҳукумат дастур додам, ки ба шумо ёрии ҳамаҷониба расонад", - гуфт Тоқаев.
Вазорати ҳифзи муҳити зисти Қазоқистон рӯйхати қурбониёни сӯхторро нашр кард. Дар миёнашон як зан ҳаст.
Масоҳати умумии сӯхтор наздик ба 60 ҳазор гектарро дар бар мегирад. Барои хомӯш кардани оташ 300 техникаи махсус, 11 чархбол ва 1500 одам сафарбар шуд.