700 000 кас дар Украина ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд

Херсони Украина, 7-уми июни 2023

Бар асари тахриби сарбанди нерӯгоҳи Каховка тақрибан 700 ҳазор кас дар Украина аз оби ошомиданӣ маҳрум шудаанд.

Мартин Грифитс, муовини дабири кулли Созмони Милал, ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфт, гап дар бораи одамоне меравад, ки ҳам дар ҳудуди зери назорати Украина ва ҳам дар минтақаҳои ишғолшуда аз ҷониби Русия ҳастанд.

Ҳоло ба сабаби ифлос шудани об шиноварӣ дар обанборҳо ва моҳигирӣ дар вилояти Херсони Украина манъ аст.

Ба қавли Гриффитс, Созмони Милал то ин дам ба 30 ҳазор сокини минтақаҳои зери обмондаи Украина мадад кардааст.

Раҳбари идораи низомии вилояти Херсон, Александр Прокудин, гуфт, 2 ҳазору 716 нафарро ба ҷойи амн кӯчонданд.

Вазорати корҳои дохилии Украина рӯзи 10-уми июн хабар дод, ки бар асари омадани оби зиёд 4 кас ҷон бохта, 27 каси дигар бедарак ҳастанд. Ин маълумот танҳо минтақаҳои зери назорати Украинаро дар бар мегирад.

Шумораи воқеии қурбониён метавонад бештар аз ин бошад. Ба гуфтаи ихтиёриён ё ризокорон, сарнавишти зиёда аз 300 нафар дар ҳоли ҳозир номаълум аст.

Сарбанди нерӯгоҳи Каховка рӯзи 6-уми июн бар асари таркиш рахна шуд. Украина ва Русия ҳамдигарро дар ин кор муттаҳам мекунанд.