Муовини раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Украина гуфт, бист давлат ба пайвастани Киев ба паймони низомии НАТО розӣ ҳастанд.
Игор Жовква рӯзи 10-уми май ба эъломияи Канада-Украина ишора кард, ки ҳангоми сафари сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ба Киев имзо шуд.
Дар он гуфта мешавад, ки Оттава расман аз кӯшиши ҳамроҳ шудани Украина ба НАТО пуштибонӣ мекунад.
Пештар Украина бо 19 кишвари дигари паймони низомӣ эъломияи муштарак имзо карда буд.
Ҳоло 31 давлат узви НАТО ҳастанд.
Вилнюс дар моҳи июли имсол мизбони нишасти ин паймони низомии ғарбӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, дар ҷараёни он дурнамои пайвастани Украина ба НАТО баррасӣ шавад.