Сафири Қирғизистон дар шаҳри Тошканд рӯзи 8-уми июн бо раиси Кумитаи давлатии байторӣ ва рушди чорводорӣ дар Узбекистон вохӯрда, ифтитоҳи “долони сабз”-ро барои маҳсулоти зудвайроншаванда баррасӣ кардааст.
Ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодӣ тавассути рушди муштараки содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯштии ду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.
Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ширкатҳои қирғизӣ ба Рӯйхати воридкунандагони мол ба Узбекистон ворид карда шаванд.
Раиси Кумитаи давлатии байторӣ ва рушди чорводорӣ дар Узбекистон гуфтааст, Тошканд омодааст, ба зудӣ корхонаҳои қирғизии истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ ва гӯштиро ба феҳристи мазкур шомил намояд.
Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров моҳи марти имсол ба Узбекистон рафта, аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолии он кишвар дидан карда буд.
Ду кишвар барои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, кишоварзӣ ва корхонаҳои муштарак “харитаи роҳ”-ро қабул кардаанд.