Як таҳқиқи журналистие, ки дар сомонаи хабарии Би-би-си нашр шуд, мегӯяд, дар паи ҳуҷум ба Украина аз рӯи ҳисобҳои бисёр эҳтиёткорона имкон дорад 50 ҳазор нафар аз ҷониби Русия кушта шуда бошад. Шумори умумии талафоти Русия бо ҳисоби онҳое, ки бо сабаби ҷароҳат дигар ҷангида наметавонанд, 225 ҳазор нафар буда метавонад, мегӯяд ин таҳқиқот.
Омори мазкур натиҷаи кори журналистони бахши русии Би-би-си, расонаи “Медиазона” ва ҳам гурӯҳи ихтиёриён мебошад. Шумори умумии онҳое, ки дар ин ҷанг ҷон додаанду исмашон санҷидаву тасдиқ шудааст, 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Маълумоти мазкурро хабарнигорон аз рӯи иттилои нашркардаи мақомоту матбуот, хабари хешовандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам маводи бадастомада аз қабристонҳо ҷамъоварӣ ва мавриди санҷишу тасдиқ қарор додаанд.
Би-би-си таъкид кардааст, ки шумори воқеии талафот метавонад хеле бештар аз ин бошад. Мақомот дар Русия омори талафот дар ҷангро пинҳон медоранд ва ҷониби Украина ҳам шумори талафот дар миёни низомиёнашро нашр намекунад.