Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон рӯзи 10 июн гуфт, ки базудӣ ният дорад телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ ва аз ӯ тақозо кунад, ки нирӯҳояшро аз хоки Украина берун кашад. Шолтс, ки дар анҷумани протестантҳои Олмон дар шаҳри Нюрнберг сӯҳбат мекард, гуфт, ки дар гузашта ҳам бо Путин телефонӣ ҳамсӯҳбат шудааст. Ӯ афзуд, “базудӣ боз сӯҳбат хоҳам кард”.
Дар паи ҳуҷуми Русия ба хоки Украина феврали соли 2022, ғарбу Аврупо аз Русия чандин бор хостанд, ки ҷангро хотима дода, хоки Украинаро тарк кунад, вале то ҳоло на ин ва на даъватҳои нишастани Киеву Маскав сари мизи гуфтушунид натиҷаи амалӣ надодаанд.