ЮНЕСКО сармоягузории назорат аз пиряхҳои Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад

Одре Азуле, дабири кулли ЮНЕСКО. Акс аз бойгонӣ

ЮНЕСКО – идораи илм ва фарҳанги СММ гуфт, ки аз тобистони соли 2023 сармоягузории барномаи минтақавии илмӣ оид ба назорат аз пиряхҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ду баробар зиёд мекунад. Барномае, ки соли 2021 бо 6 миллион доллар буҷа роҳандозӣ шуда буд, бо ҳадафи таҳияи харитаи пиряхҳои дар ҳоли обшавии Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шуд.

Тасмими ЮНЕСКО дар поёни сафари кории Одре Азуле, дабири кулли ЮНЕСКО ба Қазоқистону Қирғизисттон ҳафтаи ҷорӣ эълон шуд. Дар изҳороти ин созмон рӯзи 10-уми июн таъкид шудааст, ки дар давоми панҷоҳ соли охир Осиёи Марказӣ аз 20 то 30 фоизи кулли пиряхҳояшро дар натиҷаи гармоиши иқлим аз даст дод ва ба ҳамин хотир, ЮНЕСКО тасмим гирифт фаъолияташро дар ин минтақа вусъат бахшад.

Барномаи илмии минтақавие, ки амал мекунад, ҳадаф дорад, ки то соли 2025 як низоми огоҳкунандаи омодагӣ ба хатарҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро ба роҳ монад. Таҳияи харитаи ноҳияҳои заъфпазир дар ҳолати эҳтимолии рух додани фоҷеа ва пешгирӣ аз он, мисли обхезиҳову фалокатҳо як вазифаи ин барнома гуфта мешавад.

Мақомот дар Тоҷикистон обшавии пиряхҳоро як чолиши ҷиддии солҳои наздик унвон ва бо ташаббуси ин кишвар СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардааст. Президент Эмомали Раҳмон гуфтааст, танҳо дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар обшавии пиряхҳо суръат гирад, Осиёи Марказӣ ба камбуди об дучор мешавад.

Дар як таҳқиқоте ноябри соли 2022 ЮНЕСКО гуфт, агар ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ кам нашавад, то соли 2050 дар сеяки қаламравҳои таҳти ҳифозати ҷаҳонӣ хатари аз байн рафтани сеяки пиряхҳо вуҷуд дорад. Дар сурати мутобиқ бо созиши Париж оид ба иқлим дар сатҳи на бештар аз 1,5 дараҷаи Селсия нигаҳ доштани гармоиши сайёра вуҷуд дошта бошад, имкони ҳифзи пиряхҳо дар ҳафтод дар сади қаламравҳои таҳти хатар вуҷуд дорад.