Масҷиди калонтаринро дар шаҳри Душанбе, ки бо сармояи Қатар сохта шудааст, ба истифода доданд.
Маросим рӯзи 8-уми июн дар ҳузури амири Қатар сурат гирифт. Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омадааст.
Мақомоти Тоҷикистон ифтитоҳи масҷиди бузургтаринро намунаи возеҳи озодии дину виҷдон тавсиф кардаанд, дар ҳоле ки созмону кишварҳои ғарбӣ солҳои охир ҳукуматро пайваста ба нақзи ҳуқуқи диндорон, аз ҷумла мусалмонон, танқид мекунанд.
Масҷиди бузургтарин дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар ҷойгир шуда, аз чаҳор манораи баландиашон 74-метрӣ, гунбази 43-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.
Сохтмони онро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, оғоз карда буданд. Ҳоло номи масҷидро ҳам ба исми ӯ гузоштаанд.
Бунёди масҷид ба далели вобаста ба пул ва рақобати ширкатҳои худиву бегона чанд сол тӯл кашид.
Дар ин муддат Шоиста Ғуломризоӣ, шаҳрванди Эрон ва раиси ширкати "СОБ", ки сохтмони манораҳои масҷиди бузургтарини Тоҷикистонро ба уҳда дошт, ба сабаби напардохтани пули кормандон таҳти пайгард қарор гирифт.
Аксҳоро Амир Исоев тобистони соли 2022 гирифтааст