Таҳқиқи парвандаи Насрулло Садриддинзода, раиси инак собиқи Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба поён расондаанд.
Пештар (23-юми майи имсол) як манбаи Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор сомонӣ ришва гумонзад аст.
Як намояндаи Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн гуфт, "ӯ ба гирифтани 23 ҳазор доллар муттаҳам аст".
"Садриддинзода ва як муфаттиш аз соҳибкоре дар Хуҷанд барои овардани сигори қочоқӣ 23 ҳазор доллар хостаанд. Соҳибкор 20 ҳазор долларро дода, ба маъмурони Оҷонсӣ муроҷиат намуд. Дар амалиёте ҳангоми додани 3 ҳазори боқимонда Насруллозода дастгир шуд," – нақл кард ҳамсуҳбати мо. Ӯ барои пеш наомадани мушкил дар кораш нахост номашро нависем.
Назари худаш ва наздикону вакили мудофеъ то ҳол дастрас нест.
Мақомот низ парвандаи Насрулло Садриддинзода ва иттиҳоми зидди ӯро шарҳ надодаанд.
Дар фармони барканорияш аз 23-юми май ӯ ба кирдоре муттаҳам шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад".
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ба зидди ӯ бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ (гирифтани пора) парванда кушодаанд.
Насрулло Садриддинзода дар моҳи феврали соли 2020 ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуда буд. Пештар дар мансаби муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.
Дар бештар аз даҳ соли охир зиёда аз сӣ додрасро бо гуноҳи "паст задани шаъну эътибори судя" аз кор рондаанд. Дертар баъзе аз ин додрасҳо ба гуноҳи ришваситонӣ маҳкум шуданд.
Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон мегӯяд, маоши ками додрасҳо дар Тоҷикистон заминаро "барои коррупсия фароҳам мекунад".