Аз "BigTech" хостанд, монеи ҷудоии Русия аз Интернет шавад

Гузоришгарони Бидуни Марз, сармуҳаррирон ва рӯзноманигорони расонаҳои мустақили Русия аз раҳбарони ширкатҳои бузурги фанноварӣ даъват кардаанд, ки барои пешгирӣ аз қатъи бахши русии интернет аз шабакаи ҷаҳонӣ гурӯҳи кории “Муҳандисон алайҳи диктатор"-ро ташкил кунанд.

Ин муроҷиатномаро "Медуза" ба нашр расонд.

Дар он даъвати рӯзноманигорон аз мудири ширкати "Apple" Тим Кук, муассиси "Telegram" Павел Дуров, соҳиби "Твиттер" Илон Маск, мудири "Meta" Марк Зукерберг, раҳбарони "YouTube, "Google", "Microsoft" ва "Linkedin" баён шудааст.

Ба гуфтаи муаллифони муроҷиатнома, мақомоти Русия ба дигарбора президенти ин кишвар интихоб шудани Владимир Путин дар соли 2024 омодагӣ мегиранд ва интизор меравад, онҳо дар арафаи интихобот “ба ҳама гуна изҳороте, ки хилофи гузинаи расмии Кремл аст, таҳаммулнопазирӣ нишон диҳанд".

Онҳо саркӯбҳо алайҳи рӯзноманигоронро, ки пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 шиддат гирифтааст ва баста шудани шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳои зиёдро дар Русия ёдовар шудаанд.

"Танҳо ду платформаи бузург - "Telegram" ва "YouTube" то ҳол қисман аз ин поксозӣ наҷот ёфтаанд. Инҳо танҳо фазои иттилоотӣ дар ихтиёри рӯзноманигорони рус мондаанд, ки кӯшиш мекунанд, ҳамватанони худро дар бораи воқеияти ҷанге огаҳ созанд, ки Путин аз номи онҳо шуруъ кардааст", - афзудаанд онҳо.

Зери муроҷиатнома раҳбарони "Медуза", “The Bell”, "Дожд", "Медиазона" Republic, "Вёрстки", "Важних историй" ва расонаҳои мустақили дигари Русия имзо гузоштаанд.