Пешбинии ҳавои гарм ва ғуборолуд дар Тоҷикистон

Ҳаво дар Тоҷикистон то 10-уми июн то 43 дараҷа гарм ва дар баъзе аз минтақаҳо ғуборолуд хоҳад шуд.

Ба иттилои Бунгоҳи ҳавосанҷии Тоҷикистон, дар се рӯзи оянда гармии ҳаво дар вилояти Хатлон ба 38-43 дараҷа ва Суғд ба 35-40 дараҷа мерасад.

Ҳамчунин, аз 9 то 12-уми июн дар баъзе аз минтақаҳои кишвар, махсусан вилояти Хатлон, ҳавои ғуборолуд ё хокбориш пешбинӣ шудааст.

Баъзе аз сокинони Душанбе рӯзи 7-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз гармӣ шикоят карданд.

Коршиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ҳангоми оббозӣ дар рӯду ҳавзу кӯлҳо эҳтиёт кунанд.

Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта ин ниҳод аз ғарқ шудани 6 нафар, аз ҷумла 4 кӯдак дар обу рӯдхонаҳои кишвар хабар дода буд.