Гумонбарони ғасби қудратро дар Қирғизистон ба ҳабс гирифтаанд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 7-уми июн онҳоеро, ки ба гумони "кӯшиши ғасби қудрат" дар Қирғизистон дастгир шудаанд, ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Дар миёни ҳабсшудаҳо раиси ҳизби “Элдик Кенеш”-и Қирғизистон, фаъоли маданӣ Роза Нурматова ва узви созмони иҷтимоии "Чек ара" Гулҷигит Исоқов низ ҳастанд. Як гумонбари дигар С.Ч.М. ҳабси хонагӣ шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 6-уми июн боздоштҳои дастҷамъиро ба гумони кӯшиши ғасби қудрат дар шаҳри Бишкек шарҳ дод.

Ин ниҳод гуфт, "гуруҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон барои ҷалби ҷонибдорон ба сафи худ ва одамони норозӣ дар саросари кишвар давоми як сол корҳои мақсаднокеро анҷом медоданд". Ба иттилои расмӣ, беш аз 30 нафар дастгир шуда, феълан дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд.

Бино ба манбаъҳои боз, Роза Нурматова соли 2012 дар тазоҳуроте, ки аз тарафи Содир Ҷабборов (Жапаров) ва Қамчибек Тошиев ташкил шуда буд, иштирок кардааст.

Ҷабборов ва Тошиев он замон вакили порлумон буданд ва Нурматова ситоди ҷонибдорони онҳоро раҳбарӣ мекард. Содир Ҷабборов ҳоло раиси ҷумҳурии Қирғизистон аст, Қамчибек Тошиев раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.