Лӯлаи аммиаки хатти "Толятти–Одесса"-ро дар вилояти Харков таркондаанд. Чанд нафар захмӣ шуд. Украина ва Русия ҳамдигарро масъули ин кор медонанд.
Олег Синегубов, раиси маъмурияти низомии вилояти Харков, рӯзи 7-уми июн гуфт, артиши Русия дубора лӯлаи аммиакро тирборон кард ва шаш ҳамла дар онҷо сабт шуд.
Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, дар фазо хориҷ шудани аммиак эҳсос намешавад ва вазъият зери назорат мебошад.
Вазорати дифои Русия гуфт, лӯлаи аммиакро харобкорони украинӣ рӯзи 5-уми июн тарконданд. Вазорат ин ҳодисаро амали террористӣ номидааст.
Ба иттилои ҷониби Русия, дар ин ҳодиса сокинони маҳаллӣ осеб диданд. Ба навиштаи Вазорати дифои Русия, аз ҷойҳои харобшудаи лӯла аммиак ба ҳаво хориҷ мешавад.
Саҳифаи "Сота" дар Телеграм навишт, баъд аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина интиқоли аммиак тавассути ин лӯла хотима ёфта буд. "Русия чандин бор талош, кард барои азсаргирии интиқоли ин маводи кимиёӣ муомила кунад," -- навиштааст "Сота".