"Тоҷикистон айни замон масъалаи узвияти эҳтимолиро дар ЕАЭС баррасӣ надорад"

Акс аз вебсайти ВКХ Тоҷикистон

Хабаргузории русии ТАСС аз қавли як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки Душанбе "айни замон масъалаи узвияти эҳтимолиро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) баррасӣ надорад".

Ба навиштаи оҷонси давлатии русӣ, ин суханҳоро сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ дар шарҳи суҳбатҳои вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баён доштааст.

Лавров рӯзҳои 5-6-уми июн дар Душанбе буд ва дар суханрониаш дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дубора аз бартариҳои узвияти эҳтимолии Тоҷикистон дар ЕАЭС лаб кушод.

ТАСС рӯзи 7-уми июн аз қавли Самадӣ навишт: “Мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба ЕАЭС дар барномаи рӯз қарор надорад”.

Ӯ гуфтааст, ин мавзуъ на дар мулоқоти Лавров бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва на дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин матраҳ нашуд.

“Дар мулоқот дар Душанбе суҳбат бештар атрофи тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ буд”, -- афзудааст Самадӣ.

Сергей Лавров, ки дар як сафари, ба қавли мақомоти тоҷик аз пеш барномарезишуда дар Душанбе буд, бо раҳбарияти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард ва дар мулоқоташ бо низомиёни пойгоҳи 201-и Русия ва Донишгоҳи славянӣ ғарбро танқид ва амалкардҳои Маскавро дар ҷанги зидди Украина “сафед” намуд.

Сафари ӯ ба Тоҷикистон дар ҳоле ҷараён гирифт, ки дар бештар аз се ҳафтаи охир муҳоҷирони корӣ ва баъзе аз донишҷӯёни тоҷик дар Русия мавриди таъқибу бадрафторӣ ва фишору азияти сохторҳои қудратии ин кишвар қарор гирифтаанд.

Дар ҳоле ки мақомоти Русия инро шарҳ намедиҳанд, ба бовари мунтақидон, фишороварӣ ба Тоҷикистон бо ҳадафи як узви дигари созмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кардани ин кишвар сурат гирифтааст.

Бовар меравад, сабаби худдории Душанбе аз узвият дар созмоне, ки баъзе аз ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ он ҷо узв ҳастанд, эҳтимоли сахттар шудани вобастагии иқтисодию сиёсии кишвар аз Кремлин аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Коршиносон дар бораи сафари Лавров ба Душанбе чӣ гуфтанд?Муҳриддин ва Лавров мушкили муҳоҷиронро баррасӣ кардаандМуҳоҷирон, Чин ва ЕАЭС. Сергей Лавров чаро ба Тоҷикистон омад? ВИДЕОБа Лавров гуфтаанд, Русия ҳуқуқи муҳоҷиронро риоя кунад