Омодагии Олмон ба тамрини бузургтарин дар таърихи НАТО

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Мақомоти Амрико ва Олмон гуфтанд, ки Берлин ба машқи азимтарин дар таърихии нерӯҳои ҳавоии НАТО омода мешавад.

Онро чун намоиши нерӯ ва талоши дар ҳайрат гузоштани шарикон ва ҳам рақибони эҳтимолӣ арзёбӣ мекунанд.

Тамрини "Дифои ҳавоӣ 23" ҳафтаи оянда шуруъ хоҳад шуд. Дар он 10 ҳазор нерӯ аз 25 кишвари узви НАТО иштирок карда, аз 250 ҳавопаймо истифода мекунанд. Ривояти машқҳо ҳамлаи эҳтимолӣ ба як кишвари узви НАТО гуфта шудааст.

Омодагӣ ба ин машқҳо ҳанӯз соли 2018 шуруъ шуда буд.