Вазорати дифои Русия пешниҳод кардааст, ки ҷавононро тавассути СМС ё паёмак аз оғози маъракаи даъват ба артиш хабардор кунанд.
Ба бовари мақомот, ин тағйирот раванди ҷалби ҷавононро ба хидмат кӯтоҳу осон мекунад.
Моҳи сентябри соли гузашта Русия сафарбарӣ ба артиш ё мобилизатсия эълон кард. Дар пайи он, ба гуфтаи мақомоти Русия, 330 ҳазор нафар ба хидмат даъват шуд.
Дертар вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз анҷоми маъарка хабар дод, аммо аз тарси мобилизатсия ҳазорҳо нафар тарки Русия карданд.
Ду моҳ пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, низ қонунеро имзо кард, ки тибқи он минбаъд ба ҷавонон даъватнома ба хидмат дар шакли электронӣ ва тавассути барномаи “Госуслуги” расонда мешавад.