Радду бадали Теҳрон ва Толибон дар бораи "савод" ва либоси марзбонон

Марзи Эрон ва Афғонистон.

Қосим Ризоӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли нерӯҳои интизомии Эрон, гуфтааст, омодаи омӯзиш додани сарҳадбонҳои Толибон барои “риояи протоколҳои марзӣ” ҳастанд. Ҳукумати Толибон дар Афғонистон мегӯяд, марзбонони эронӣ ҳам бояд омӯзиш бинанд.

Хабаргузории эронии "Меҳр" ба нақл аз Қосим Ризоӣ навишт, "лозим аст, нерӯҳои марзбони Толибон дорои либосҳои расмӣ ва пойбанд ба қонунҳои байнулмилалӣ бошанд".

Ӯ афзуд, омодагии худро барои омӯзиш додани нерӯҳои марзии Толибон барои риояи протоколҳо дар минтақаҳои сарҳадӣ ва ҳамчунин минтақаҳои дигари дуртар аз марз эълон карданд, аммо Толибон ҳанӯз ба ин кор ҳозир нашуданд.

Ҳукумати Толибон дар вокуниш ба изҳороти муовини фармондеҳи кулли нерӯҳои интизомии Эрон гуфтааст, пеш аз ҳама сарбозони эронӣ ниёз ба омӯзиш доранд, “зеро даргириҳо бинобар қонуншикании онҳо оғоз шудааст”.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи ҳукумати Толибон, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "нуктаи аслӣ ин аст, ки нерӯҳои мо аз масоили зарурӣ дар марзҳо огоҳӣ доранд. Мутаассифона, ҳар мушкиле, ки пеш меояд, аввалан ба ин сабаб аст, ки тарафи эронӣ ба хоки мо тирандозӣ ва таҷовуз кардааст. Сипас мо ба он вокуниш нишон додаем. Бинобар ин, онҳо низ ба омӯзиш ниёз доранд ва бояд усулро худашон риоят кунанд."

Рӯзи 27-уми май марзбонони Эрон ва Толибон дар вилояти Нимрӯз ба сӯи якдигар тирандозӣ карданд. Дар натиҷа, ба гуфтаи Қосим Ризоӣ, як сарбози эронӣ кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин даргирӣ як сарбози Толибон низ кушта шуд.

Пас аз даргирӣ чанд видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дар он иддао шуда буд, Толибон таҷҳизот ва нерӯҳои бештареро ба наздикии марзи Эрон дар ноҳияи Исломқалъаи Ҳирот мефиристанд. Толибон ин иддаоро рад карданд.

Нерӯҳои эронӣ ва Толибон чанд бор дар хати марз бо якдигар даргир шуданд, ки боис ба талафот шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама, ҳукумати Толибон мегӯяд, пойбанд ба ҳалли мушкилот аз роҳҳои дипломатӣ ҳастанд. Ҷониби эронӣ ҳам ба ҳалли дипломатӣ таъкид кардааст.

Қосим Ризоӣ, муовини фармондеҳи нерӯҳои интизомии Эрон, ба хабаргузории "Меҳр" гуфтааст, мақомҳои ҳукумати Толибон дар мулоқот пазируфтаанд, ки нерӯҳояшон хато карданд ва ваъда додаанд, ки аз такрори он пешгирӣ мекунанд. Толибон ҷониби эрониро масъули оғози ин даргирӣ медонанд.