Вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон омад

Сергей Лавров

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзи 5-уми июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия онро аз пеш тарҳрезишуда номид. Интизор меравад, сафари Лавров рӯзи 6-уми май идома кунад.

Бино бар хабарҳо, раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири русро ба ҳузур хоҳад пазируфт. Қарор аст, ӯ бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам мулоқот кунад.

Дар хабарномаи ВКХ-и Русия “рушди ҳамкории Маскаву Душанбе дар бахшҳои сиёсат ва иқтисоду тиҷорат, табодули афкор дар бораи масъалаҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ” аз мавзуъҳои суҳбат гуфта шудааст.

Ҳамчунин вохӯрии Лавров бо дипломатҳои ҷавон, донишҷӯён, хабарнигорон ва доираҳои коршиносӣ ва илмӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар назар аст. Мумкин аст, ӯ ба пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе низ равад, омадааст дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон дар рӯзҳое сурат мегирад, ки фишору латукӯб ва боздошту ихроҷ ва ҷаримаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Аммо эҳтимоли гуфтугӯи ҷонибҳо дар масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар барномаи сафари Лавров расман эълон нашудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, амалиёт бар асоси шикояти сокинони шаҳраки Котелникии Маскав ду ҳафта идома карду ба поён расид, вале муҳоҷирон мегӯянд, ҳанӯз тафтишу боздошт идома дорад ва натанҳо дар Котелникии Маскав. Аммо онҳо латукӯби зиёда аз 100 донишҷӯро дар Хабаровск, ки дар натиҷа чандин нафари онҳо маҷруҳ шудаанд, шарҳ надодаанд.