Вазирони русу тоҷик масъалаи муҳоҷиронро баррасӣ мекунанд?

Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи мушовара дар шаҳри Гулистон.

Дар пасманзари бадрафторӣ бо садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ва боздошти онҳо, вазирони умури дохилии ду кишвар мулоқот ва ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн гуфт, Владимир Колоколтсев ва ҳайате аз Вазорати корҳои дохилии Русия ба вилояти Суғд омаданд.

Дар баёнияи вазорат омадааст, ҷаласаи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар рӯзҳои 5-6-уми июн дар шаҳри Гулистон мегузарад.

Бинобар он, "тақвияти ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ дар ҳарду давлат, мубориза ба зидди экстремизму терроризм, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, қиберҷиноятҳо ва ба имзорасонии тавофуқномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст."

Ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст, ки "дар ҷаласаи мушовара нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул карда мешавад."

Маълум нест, дар ин ҷаласа оё мақомоти Тоҷикистон масъалаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва бадрафтории маъмурони пулиси онҷо бо муҳоҷиронро матраҳ мекунанд, ё на.

Моҳи гузашта мақомоти пулиси Русия садҳо муҳоҷири тоҷикро боздошт карданд ва қарори ихроҷи даҳҳо нафари онҳо низ баромад.

Моҳи май гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи Комсомолскии лаби Амури Русия гуфтанд, нерӯҳои вижа зиёда аз сад нафари онҳоро бераҳмона латукӯб ва шиканҷа карданд. Вазорати умури дохилӣ ва додситонии Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостанд, сабабҳои ин гуна амалкарди худро шарҳ диҳанд.