Мудири як мактаби миёнаро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба гумони озори ҷинсии ду хонанда дастгир кардаанд.
Мақомот расман ҳодисаро шарҳ надоданд, вале як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба шарти зикр нашудани номаш рӯзи 4-уми июн гуфт, Г. Н. "барои рафтори берун аз одоби педагогӣ бо хонандагон боздошт шуд".
Ӯ гуфт, ду хонандаи синфи 10 ва 11-и ин мактаб шикоят кардаанд, ки мудири мактаб талош кардааст, "ба бадани онҳо даст расонад".
Ҳанӯз нисбат ба мудири мактаб парванда боз нашудааст ва, ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, "ӯ ҳоло дар шуъбаи КДАМ дар ноҳия нигаҳ дошта мешавад".
Наздикони мудири мактаб нахостанд, мавзуъро шарҳ диҳанд, вале гуфтанд, ба бегуноҳияш бовар доранду ба зудӣ раҳо хоҳад шуд.
Дар гузашта низ боздошти омӯзгорон ба гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузи хонандагон расонаӣ шуда буд.
Аз ҷумла, ду сол пеш омӯзгори як мактабро дар Душанбе ба гуноҳи таҷовузи хонандае ба 17 сол зиндон маҳкум карда буданд.
Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, 17,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.