Додгоҳе дар Амрико ду вакили мудофеъро аз минтақаи Брайтон Бичи шаҳри Ню-Йорк ба ташкили аризаҳои сохта барои талаби паноҳандагии сиёсӣ гунаҳкор донист.
Илона Ҷамгароваи 46-сола ба ду сол ва ҳамсараш Артур Аркадяни 44-сола ба шаш моҳи зиндон маҳкум шуданд.
Додситони минтақаи ҷанубии Ню-Йорк гуфт, ҳукми додгоҳ рӯзи 31-уми май баромад.
Ин ҳуқуқшиносон аз шаҳри Боку ба Амрико рафта, дар онҷо муқимӣ шудаанд. Муштариёни онҳо бештар шаҳрвандони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.
Ҷамгарова ва Аркадян дар додгоҳ танҳо як мавриди қонуншиканиро эътироф кардаанд.
Ин ҷуфти ҳуқуқшиносон феврали соли 2021 боздошт шуданд ва он замон ҳамроҳ бо онҳо кормандони ширкати дигари ҳуқуқии бо номи “Русская Америка” ҳам дастгир шуданд.