ПМТ бархӯрди мақомоти Русияро бо муҳоҷирон "репрессивӣ" номид

Лаҳзаи боздошти муҳоҷирон дар Русия. Акс аз наворҳои фиристодаи корбарон

Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифони тоҷик дар Аврупо, бархӯрди мақомоти Русияро бо муҳоҷирони тоҷик "репрессивӣ" ва "табъизомез" номид.

Тайи ҳафтаҳои охир санҷишу боздошт ва ҷаримаи гуруҳии муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия афзудааст.

Паймони миллӣ рӯзи 2-юми июн дар изҳороте гуфт, мақомоти Русия бо истифода аз “сукут” ва “беамалии ҳукумати Тоҷикистон” маъракаи васеи боздошту ҳамлаҳоро ба тоҷикон оғоз карданд.

Ин ҳамлаҳо, ба қавли намояндагони Паймони миллӣ, “бо таҳқири барқасдонаи шаъну шарафи инсонӣ ва миллӣ ва ба таври ваҳшиёна маҷрӯҳ ва захмӣ кардани донишҷӯёни тоҷик дар хобгоҳҳо ва коргарон дар ҷойи корашон сурат мегирад.”

“Аз мақомоти Русия тақозо мекунем, ки аз қонуншикании нафратовар ва ғайриқобили қабул алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи ошкори ҳуқуқи башар поён диҳанд. Хоҳони он ҳастем, ки режими Эмомалӣ Раҳмон иззату обрӯи боқимондаи миллиро дар худ биёбад ва аз ноноварони кишвар муҳофизат кунад,” – гуфтаанд онҳо.

Мақомоти Маскав сабаби якбора сахттар шудани муносибатро бо муҳоҷирон нагуфтанд, вале тахминҳо дар бораи эҳтимоли ба ин тариқ ба ҷанги Украина ҷалб кардани онҳо ё фишор ба узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шудани Душанбе зиёд аст.

Баъзе аз расонаҳои Русия рӯзи 2-юми июн навиштанд, ки дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав амалиёти дуҳафтаи зидди муҳоҷирон поён ёфт.

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби бекорӣ ва набудани маоши кофӣ дар кишвар ба Русия рафтаанд. Бахше аз онҳо шаҳрвандии он кишварро гирифта, аз имтиёзҳое баҳраваранд, дигарон мавсимӣ дар сохтмону бозор ва хадамоти коммуналӣ кор мекунанд.