Аз Шарл Мишел хостанд, дар мулоқот бо Раҳмону ҳамтоёнаш аз ҳуқуқи башар гӯяд

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ

Чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, хостанд, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нақзи густурдаи ҳуқуқи одамон дар минтақа бигӯяд.

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо рӯзҳои 2-3-юми июн дар Чолпон-Отаи Қирғизистон вомехӯранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ ба онҷо рафтааст.

  • Ҳамкории байнулмилалӣ барои ҳуқуқи башар;
  • Бюрои байнулмилалии Қазоқистон барои ҳуқуқи одамон;
  • Ташаббуси Туркманистон барои ҳуқуқи башар ва
  • Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ аз Шарл Мишел хостанд, ҳалли мушкилҳои вобаста ба ҳуқуқи мардум ва дастёбӣ ба пешрафтро дар ин бахш шарти ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо минтақа шуморад.

Ин созмонҳо дар баробари сарнавишти фаъолони зиндонӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз саркӯби эътирозгарон дар ВМКБ, ҳукми вакили мудофеъ Манучеҳр Холиқназаров ва сарнавишти вакили зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров ёдовар шудаанд.

Манучеҳр Холиқназаров ба 16 сол зиндон маҳкум гардидааст. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ба 28 сол ҳабс маҳкум шуд. Ҳоло баррасии парвандаи чаҳорум ба зидди ӯ идома дорад. Чизе, ки худашу наздикон сохта медонанд.

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо бори охир дар моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон вохӯрда буданд.

Он замон низ чанд созмони бонуфуз аз Шарл Мишел хостанд, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи одамонро дар кишварҳои минтақа матраҳ кунад, вале бештар ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Мулоқоти нав дар ҳоле сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо аз эҳтимоли мадад кардани баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои давр задани таҳримҳои Ғарб ташвиш доранд.

Онҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати тасдиқи ёриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав, худи онҳо зери бори таҳрим хоҳанд монд.