Як мардро бо гумони қатли зани дуюмаш боздошт кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Як сокини шаҳри Ҳисор ба гумони қатли зани дуюмаш боздошт шудааст. Ҳодиса рӯзи 24-уми май дар деҳаи Булбулчашмаи Ҳисор рух додааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, марди 36-сола дар ҳолати мастӣ ва дар пайи як муноқиша ҳамсари дуюмашро кушта, ҷасадро оташ задааст.

Ҳоким Назарзода, муовини сардори Шуъбаи пулиси Ҳисор, дар шарҳи ҳодиса гуфт, ҷасади сӯхтаи зан рӯзи 25-уми май пайдо шуд.

Дар наворе, ки вазорат нашр кардааст, мард лаҳзаи муноқиша ва маҳалли оташ задани ҷасадро шарҳ ва нишон додааст. Таҳти чӣ шароит сабт шудани навор маълум нест. Ҳамчунин гуфта нашудааст, ки сабаби муноқиша чӣ буд.

Дузанагӣ ё чандҳамсарӣ дар Тоҷикистон, тибқи қонун, манъ аст, аммо ҳамоно як падидаи роиҷ мемонад.

Тибқи омори Вазорати адлия, аз соли 2020 то нимаи соли 2022 дар Тоҷикистон 222 нафарро барои издивоҷ бо ду зан ё ҳатто бештар аз он ҷазо додаанд.