Аз Кодекси ҷиноии Қазоқистон меъёри ҷавобгарии ҷиноӣ барои таҳқир ва туҳмати президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев бардошта мешавад.
Дар ин бора Снежанна Имашева, вакили порлумони Қазоқистон хабар дод.
Ба гуфтаи Имашева, лағви ин меъёр дар Кодекси ҷиноӣ "хосияти техникӣ дорад".
"Мавқеи роҳбари миллат дигар вуҷуд надорад, аз ин рӯ, ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам барои он ба кор бурда намешавад", - гуфт вай.
Моҳи феврали имсол қонун "Дар бораи президенти нахустини Қазоқистон - Элбаси" бекор карда шуд. Ин қонун имтиёзҳои мушаххасеро барои Назарбоев ва хонаводааш пешбинӣ мекард.