Лоиҳаи қонуне ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуда, ки "тағйири ҷинсро бо ҷарроҳӣ" комилан манъ мекунад.
Ин пешниҳод дар доираи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳифзи саломатӣ" ва "Дар бораи санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ" ироа шудааст.
Саҳифаи Думаи давлатӣ дар Телеграм хабар додааст, ки лоиҳаи мазкур аз сӯйи 400 вакилии порлумон таҳия шудааст.
Тибқи тарҳ, ҷарроҳии тағйири ҷинсӣ танҳо барои “табобати ноҳинҷориҳои модарзодии физиологии ташаккули ҷинсӣ дар кӯдакон” иҷозат дода мешавад. Барои ин навъи ҷарроҳӣ қарори кумисюни тиббии бемористони давлатӣ зарур аст.
Лоиҳаи қонун ҳамчунин манъи тағйири ҷинсро дар санадҳои расмӣ пешбинӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир қонунгузории Русия иҷозат медиҳад, ки ҷинси шаҳрвандон дар ҳуҷҷатҳо тағйир дода шавад.
"Чаро ин иқдом гирифта шуд? Мо Русияро барои наслҳои оянда ҳифз хоҳем кард", - гуфтааст вакили порлумони Русия ва яке аз муаллифони лоиҳа Петр Толстой.