Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон 31-уми май рӯзноманигор ва намояндаи кумитаи "31 мамир" Анор Аккозиро дар назди хонааш дастгир кардааст.
Фаъолони кумитаи "31 мамыр" тасмим доштанд, имрӯз маросими ёдбуди қурбониёни таъқибҳои сиёсиро баргузор кунанд.
Аккозӣ тавонистааст, лаҳзаи боздошти худро ба навор гирад. Дар навор шунида мешавад, рӯзноманигор аз маъмурони ҳифзи ҳуқуқ мепурсад, ки чаро ӯро дастгир мекунанд, вале онҳо посух намедиҳанд.
Маъмурони пулис рӯзноманигорро ба шуъба бурда, баъди додани даъватнома барои ҳозир шудан ба бозпурсӣ ӯро озод мекунанд.
Анор Аккозӣ баъди берун шудан аз шуъбаи пулис гуфт, фаъолони дигари кумитаи "31 мамыр" низ, ки мехостанд, дар майдони Қарғайлии шаҳр маросими бунёди қурбониёни таъқибҳои сиёсиро баргузор кунанд, дар назди хонаҳояшон дар иҳотаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дармондаанд.
Дар назди муҷассамаи қурбониёни гуруснагӣ дар майдони Қарғайлӣ ҳудуди сад нафар ҷамъ шуданд ва дар миёни онҳо ҷонибдорони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон низ буданд.
Намояндаи "31 мамыр" Нурлан Амреқулов гуфт, маросими ёдбуди қурбониён ба далели дастгир шудани фаъолони кумита баргузор намешавад. Ӯ гуфт, маъмурони пулис бархе аз аъзои кумитаро нагузоштанд, ки аз хонаҳояшон берун шаванд.