Додгоҳи Бишкек қарори бастани бахши қирғизии Озодиро тағйир надод

Рӯзи 30-юми май дар додгоҳи Бишкеки Қирғизистон шикояти "Азаттик Медиа" - бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар мавриди ғайриқонунӣ эътироф кардани қарори Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон дар бораи бастани сомонаҳои ин расона баррасӣ шуд.

Вакили мудофеи "Азаттик Медиа" дар додгоҳ гуфт, қарори Вазорати фарҳанг дар бораи бастани сомонаҳои радио ғайриқонунист ва ӯ аз додгоҳи шаҳрӣ дар Бишкек хост, қарор бекор карда шавад.

Додгоҳ дархости вакилро қонеъ накард ва қарори зинаҳои поёнии додгоҳро бе тағйир гузошт.

Вакили мудофеъ гуфт, қарори бастани сомонаҳои радио бо қонуншиканӣ содир шуда ва ин қонуншиканӣ аз сӯи додгоҳ ба эътибор гирифта нашудааст.

Намояндаи Вазорати фарҳанги Қирғизистон дар додгоҳ гуфт, сомонаҳои "Азаттик Медиа" барои он баста мемонанд, ки гузориш дар бораи низои марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳамоно аз сомонаҳо пок карда нашудааст.

Вакили мудофеи "Азаттик Медиа" тасмим дорад, ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят барад.

Вазорати фарҳанги Қирғзистон рӯзи 26-уми октябри соли гузашта сомонаи "Азаттик"-ро барои ду моҳ баст ва дертар маҳдудиятро дароз кард. Сабаб як барномаи видеоӣ дар робита ба вазъ дар сарҳад бо Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба бовари мақомоти Қирғизистон, дар ин барнома бештар мавқеи Тоҷикистон бозтоб ёфтааст. Барнома 16-уми сентябри соли 2022 ва дар авҷи даргирии ду ҳамсоя дар телевизиони "Настояшее Время", тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пахш шуд. Роҳбарияти Радиои Озодӣ ин тасмимро таъқиби расонаҳои озод номид.

Ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми октябри соли 2022 аз Радиои Озодӣ талаб кард, гузоришро комилан аз сомона бардорад, аммо қабул нашуд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ гуфт, гузориш ба меъёр посухгӯст.​