Ҳизби либерал-демократии Узбекистон рӯзи 30-юми май раиси ҷумҳури ҳозира Шавкат Мирзиёевро дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ номзад кард.
Мирзиёев пеш аз номзад шуданаш дар ҷаласаи ҳизб суханронӣ ва аз панҷ самти асосии барномаи интихоботиаш ном бурд. Аз ҷумла дар бораи "тарҳҳои бузург" дар бахши саноат, таъсиси Оҷонси миллии ҳифзи иҷтимоӣ, афзоиши истеҳсоли мошин то 1 миллион адад.
Шавкат Мирзиёеви 66-сола, президенти ҳозираи Узбекистон ба даври дувуми панҷсолаи президентӣ соли 2021 интихоб шуда буд. Пирӯзӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар соли ҷорӣ ба вай имкон медиҳад, ки 14 соли дигар дар қудрат бимонад.
Мирзиёев пас аз марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар соли 2016 ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт.