Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" сафари президенти пешини ин кишвар Аскар Оқоевро ба ватан шарҳ дод.
Ба гуфтаи Ҷабборов, дар Қирғизистон зидди Оқоев ҳеч гуна парвандаи ҷиноӣ боз нашуда буд ва ӯ таҳти пайгарди қонунӣ ҳам қарор надошт.
"Оқоевро замоне ки барои кони тиллои "Қумтор" мубориза мебурдем, даъват карда будем ва ба ӯ кафолат додем, ки боздошт намешавад. Бе ин кафолат ҳам барои боздошти вай ягон заминаи қонунӣ вуҷуд надошт. Шоҳидии Оқоев барои ба даст овардани "Қумтор" кумаки бузург кард", - изҳор доштааст Ҷабборов.
Содир Ҷабборов ҳамчунин ба суол дар бораи мусоҳибаи Қодир Кошалиев бо раҳбари пешини дигари Қирғизистон Қурмонбек Боқиев посух дода, гуфтааст, "ҳар як рӯзноманигор ҳақ дорад, ки тасмим гирад, бо кӣ суҳбат кунад".
"Мақомоти Қирғизистон нақшаи истирдоди Боқиевро ба ватан надоранд. Зидди Боқиев парванда боз шуда, қарори додгоҳ содир шудааст. Ӯ дар ғайбаш 30 сол аз озодӣ маҳрум гаштааст. Ин ҳукм ҳоло ҳам амал мекунад. Вай агар баргардад ҳатман боздошт мешавад. Мо бояд дар доираи қонун зиндагӣ карданро омӯзем. Ман салоҳияти бекор кардани ҳукми додгоҳро надорам. Танҳо ҳақ дорам, ки агар Боқиев муроҷиат кунад, ӯро афв ё рад кунам. Афв низ бояд бо назардошти назари зарардидагони ҳодисаҳои соли 2010 сурат гирад", - афзудааст ӯ.
Қаблан хабар дода шуд, ки Оқоев ҳамроҳи ҳамсараш Майрам Оқоева 18-уми май вориди Қирғизистон шуданд ва қарор аст, президенти пешин дар Академияи улум ва Донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон суханронӣ кунад.
Дар Қирғизистон 24-уми марти соли 2005 эътирозҳои мардумӣ оғоз шуда, Аскар Оқоев пас аз 15 соли раҳбарии ин кишвар маҷбур шуд, ба хориҷ фирор кунад. Хонаводаи Оқоевҳо ба Русия паноҳ бурда, то ҳол дар онҷо зиндагӣ мекунанд.