Дархости як мухлиси Радиои Озодӣ моро ба Боғи ҷонварони шаҳри Душанбе бурд.
Ин корбар аз шароити нигаҳдории ҷонварон дар ин макон нигаронӣ кард. Акси хирсеро фиристод ва гуфт, тамошобинон ҷонварро бо бадани хуншор ва пур аз захм ёфтаанд.
Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми май нишон дод, ки Боғи ҷонваронро метавон ба масали "Хоҷа боғ дорӣ? Дорам" ташбеҳ дод.
Дар ин макон нисбат ба ҷонварон атраксионҳои кӯдакона зиёд аст. Аз тарафи дигар панҷараҳои холӣ ва бӯйи ғализе, ки бо фаросарии гармо тоқатфарсо мешавад, меҳмононро саросема аз боғ берун мекунад.
Меҳмонон ва дӯстдорону ҳомиёни ҳайвонот вазъи ҷонваронро дар ин боғ ҳузнангез тасвир карда, хоҳони ислоҳи вазъ ҳастанд.
Мирзоалӣ, як сокини ноҳияи Муъминобод, ки ба тамошои Боғи ҳайвонот омада буд, бо изҳори норозигӣ гуфт: "Тахминан 30 сол боз ба инҷо наомада будам. Ҳоло омадам, ҳеч чиз нест. Ду гург ва ду хирс. Дигар ҳеч чизро надидам. Пеш ҳама намуди ҷонварон буд. Намедонам онҳоро ба куҷо бурданд, ё куштанд, маълум нест."
Аксар меҳмонони ин боғ айни шикоятро доранд. Наргис Шарифова, ки набераашро ба тамошои Боғи ҳайвонот овардааст, бо изҳори афсӯс гуфт, чунин боғ бояд “замонавӣ бошад, ки кӯдакон ҳама вақт биёянд. Шер, мурғобӣ, оҳу дорад. Баҳмут ва фил ҳам бошад, беҳтар. Бояд инҷоро таъмир кунанд, одамон меоянд, аммо ҳеч чиз надорад."
Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯянд, вазъи ҷонварон ба он ҳадде бад нест, ки баъзе аз сокинон мегӯянд.
Саидхоҷа Сафаров, як масъули Боғи ҳайвонот, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт: "Вазъи ҳозираи ҳайвонот аз назари мутахассисони соҳаи чорводорӣ дар сатҳи зарурӣ аст. Ҳам аз ҷиҳати тозагӣ, санитарӣ ва ҳам аз ҷиҳати бехатарӣ ва таъмини хӯрок. Ҳайвонҳо ягон хел касал надоранд. Таъсири муҳит ё вақт аст, ки ҳайвонҳо касал мешаванд, аммо мутахассисон табобат мекунанд, корҳои профилактикӣ мегузаронанд."
Нигаронии тамошобинон аз вазъи ҷонварони бемору гурусна дар ҳолест, ки дар гузашта ҳам сокинон аз шароити номусоиди нигоҳубини ҳайвонот шикоят кардаанд.
Меҳмонон ва сокинон пайваста бо нашри аксу навор аз ҳоли ҷонварон дар дохили панҷараҳо шароити боғро танқид мекунанд. Бархе аз ин боғ ба унвони "зиндони ҷонварон" ном мебаранд ва бархе ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар чунин шароит номумкин медонанд.
Боғи ҷонварони Душанбе борҳо бо ҳодисаҳои гуногун дар сархати хабари расонаҳо қарор гирифтааст.
Онро дар солҳои шастуми асри гузашта сохтаанд. То ин замон бозсозии зиёдеро аз сар нагузаронда. Масоҳати он ҳудуди 5 гектарро ташкил медиҳад ва гуфта мешавад, бештар аз 1000 ҷонвар дар онҷо нигаҳдорӣ мешавад.
Солҳост ҷонваршиносон барои сохтмони як боғи нав бо меъёрҳои замонавӣ садо баланд мекунанд ва ин мавзуъ дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳам баррасӣ шудааст. Барои бунёди боғи нави ҳайвонот ҳукумати шаҳр дар канори Душанбе минтақаи Чорбоғро интихоб кардааст, аммо ҳанӯз маълум нест ин боғ кай ва ба чи тарз сохта хоҳад шуд.
Як сабаби аслии бартараф нашудани камбудҳое чун биноҳои фарсудаи макони нигоҳдошти ҳайвонҳо ва вазъи сиҳатии ҷонварон маҳз ваъдаи бунёди боғи нав гуфта мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад