Сардиҳои камсобиқаи зимистони имсол маъмурияти ягона боғи ҷонваронро дар шаҳри Кӯлоб ба ташвиш овардааст.
Барфи зиёду сардии тоқатфарсо таваҷҷуҳро ба хӯроку шароити нигаҳдории ҷонварони ин боғ афзун кард. Аз ин ҷост, ки хонум Гулрафтор, як масъули боғи ҷонварон, талош мекунад, ба ду хирси нохунсафед зуд-зуд оби гарм бидиҳад.
Мегӯяд, оби гарм барои нигаҳ доштани ҳарорати муносиб дар бадани хирсҳои нодир ва пешгирӣ аз сармохӯрдагии онҳо ёрӣ мерасонад. Ҷуфти нохунсафедҳо ифтихори ин боғ ҳастанд.
Кормандони боғе, ки имсол аз замони таъсисёбиаш 7 сол пур мешавад, талош мекунанд, уштур, парандагон, шутурмурғ, бум, муш ва бошандагони дигари боғро аз сармову пайомадҳои он ҳифз кунанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Сардиҳо камбуди буҷаро барои харидани хӯроку нигаҳдории ҷонварон ҳам бармало кард. Боғе, ки дар ҳудуди 1 гектар замин сохта шудаву буҷаи солонааш 100 ҳазор сомонӣ, яъне камтар аз 10 ҳазор доллар аст, ҳамоно ба сармояи бештар ниёз дорад.
Ба қавли масъулон, ин маблағ танҳо барои хӯроки хирсҳо мерасад. Дар сармо тамошобинон ҳам ба дидани боғ намеоянд, ҳарчанд, ба қавли масъулон, дар гармӣ ҳам шумори онҳо рӯзе тахминан 20 нафарро ташкил медиҳад.
Шамсия Раҷабова, корманди Боғи ҷонварони шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, ба иловаи буҷаи расмӣ, хайрхоҳон ва сокинони маҳаллӣ ҳам гоҳе ба ёрии ҷонварон мешитобанд. Ба гуфтаи ӯ, хирсу парандаҳои шикорчие, ки гӯшт як бахши муҳими ғизои онҳо ба шумор меравад, бисёр вақт бо ёрии сокинони маҳаллӣ нони худро пайдо мекунанд.
Хонум Раҷабова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сокиноне, ки молу чорвояшон талаф мешавад, онро ба боғ меоранд. "Чунин ҳамкорӣ барои ҳифзу нигаҳдории ҷонварон мадади беназир аст," -- афзуд ӯ.
Ҷонварони боғ утоқи тобистона ва хонаҳои зимистонӣ доранд. Ба гуфтаи масъулон, дар сардӣ худи ҷонварон дар утоқҳои зимистонӣ паноҳ мебаранд.
Раҷабалӣ Сарахонов, корманди дигари Боғи ҷонварони Кӯлоб, мегӯяд, гармии дохили хонаҳои зимистона таъмин аст ва ҷонварон “вобаста ба фасли сол медароянду мебароянд ва ин ба ҳайвоноти мо ягон зиён намерасонад”.
Боғи ҷонварон дар чанд шаҳру манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе, фаъол аст. Баробари расидани сармо ва буҳрони энержӣ, бисёре аз дӯстдорони табиат ва ҳайвонот ҳушдор доданд, ки мақомоту мардум бошандагони ин муассисаҳоро ҳам аз ёд набаранд.
Гуфтугӯ