Футболбози тоҷик мегӯяд, духтараш ба ӯ нерӯ бахшид
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дастаи "Равшан”-и Кӯлоб дар се бозӣ ва дар майдонҳои гуногун дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистонро шикаст дод.
Мураббии "Истиқлол" на ҳунари дастааш, балки бадии майдонро сабаби шикаст донист. Бозигарони “Равшан" гуфтанд, омодагии хуб доштанд.
Яке аз онҳо, Амирҷон Сафаров, мегӯяд, бар илова духтараш ба ӯ рӯҳияи хубу нерӯ бахшид, то тӯбро ба дарвозаи ҳариф бизанад.
Сафия, духтари Амирҷон Сафаров, ҳангоми бозии “Равшан” ва “Истиқлол" ба майдон рафтааст. Бозигар мегӯяд, “вақте духтар мухлиси падар аст, барои ҳар футболбоз нерӯи бузург мебахшад.” Бақияро дар навор бинед.