Раҳбарони ОМ ва масъули Шӯрои Аврупо дар Чолпон-Ота ҷамъ мешаванд

Остона, 27-уми октябри 2022

Ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки даври нави мулоқоти раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо баргузор хоҳад шуд.

Муродбек Азимбоқиев, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи иҷроияи президенти Қирғизистон, гуфт, вохӯрӣ дар рӯзҳои 2-3-юми июни имсол дар Чолпон-Ота мегузарад.

Вай афзуд, дар вохӯрӣ президентҳои Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбекистон, сарвазири Туркманистон ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел иштирок хоҳанд кард.

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва масъули Шӯрои Аврупо бори охир моҳи октябри соли 2022 дар Қазоқистон вохӯрда буданд.

Он замон чанд созмони бонуфуз аз Шарл Мишел хостанд, ки бад шудани вазъи ҳуқуқи одамонро дар кишварҳои минтақа матраҳ кунад, вале бештар ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Мулоқоти нав дар ҳоле сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо аз эҳтимоли мадад кардани баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия барои давр задани таҳримҳои Ғарб ташвиш доранд.

Онҳо ҳушдор додаанд, ки дар сурати тасдиқи ёриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Маскав, худи онҳо зери бори таҳрим хоҳанд монд.