Гуруҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд.
Чанде аз донишҷӯён бо фиристодани навор ва акс ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса рӯзи 29-уми май рӯй дод. Масъулони донишгоҳ мегӯянд, ки беш аз бист ҷавон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд.
Хатмкунандаҳои Донишгоҳи тиббӣ ба далели пеш наомадани мушкил дар назди дурбин гап назаданд. Абдураҳмон, як донишҷӯйи хориҷии Донишгоҳи тиббӣ, мегӯяд, чанде аз ҳамсабақонашро ба мошине бор карда бурданд.
“Ҳангоми аз имтиҳон баромадан бачаҳои маҳаллиро қапида дар мошинҳо шинонда бурданд. Чанд касро. Бархе гурехтанд, баъзе кӯшиш карданд, ки қапида нашаванд,” – нақл кард ӯ рӯзи душанбе.
Намояндагони Донишгоҳи тиббӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ҷалби иҷбории хатмкунандаҳоро ба хидмат рад карда, аммо гуфтанд, “21 хатмкунанда бо хоҳиши худ ба артиш рафтанд”.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шикоятҳо дар бораи аз донишгоҳ ва зӯран ба хидмати ҳарбӣ бурдани хатмкунандаҳо аз мактабҳои олии дигар ҳам мерасанд.
Рӯзи ҷумъа, 26-уми май, чунин маврид дар Донишгоҳи давлатии Бохтар рух додааст. Корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли наворе гуфтанд, донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи давлатии Бохтарро пас аз имтиҳон маҷбурӣ ба Комиссариат овардаанд.
Мақомот, баръкс, бо нашри аксу навор аз “ихтиёрӣ” ба хидмати ҳарбӣ рафтани садҳо хатмкунанда хабар медиҳанд. Ду ҳафта пеш дар маросиме тақрибан 200 донишҷӯи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷандро ба хидмати ҳарбӣ гусел карданд. Масъулони Донишгоҳи Кӯлоб гуфтанд, 73 хатмкунанда қабл аз муҳлат имтиҳонҳоро супурда, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайвастанд.
Ҳуқуқшинос Музаффар Бобоҷонов мегӯяд, маҷбур кардани донишҷӯён барои пеш аз муҳлат супуоридани имтиҳон ва ҳимояи кори дипломӣ “ғайриқонунӣ аст”.
“Хатмкунанда бояд пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ ва корҳои дипломӣ ба артиш даъват карда шавад. Дар қонун гуфта шудааст, ки донишҷӯ барои ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ҳақ дорад. Шикоятҳо буданд, мо фаҳмондем, ки ҳуқуқ доред муҳлати даъватро ба таъхир андозед. Агар ин ҳуқуқи шумо вайрон шудааст, метавонед ба Прокуратураи ҳарбӣ муроҷиат намоед,” – шарҳ дод ӯ.
Дар гузашта омӯзгорони донишгоҳҳо аз он изҳори нигаронӣ карда буданд, ки мақомот аз онҳо иҷрои нақшаи даъват ба артишро талаб доранд.
Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон аз якуми апрели имсол оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад.
Мақомот ҳамвора аз афзоиши сафи ихтиёриён мегӯянд, аммо мардум аз афзудани мавридҳои ҷалби иҷбории ҷавонон ба хидмат бо тарзҳои нав хабар медиҳанд.