Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Писарамро аз назди донишгоҳ бурдаанд"


Маҳдӣ Ғазозода
Маҳдӣ Ғазозода

"Писарамро ҳангоми ба дарс рафтан қапида бурдаанд. Даъватнома нафиристода буданд."

Нуқра Назарова, сокини ноҳияи Нуробод, шикоят дорад, ки писари донишҷӯяшро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Масъулони комиссариати ҳарбӣ рафтори худро қонунӣ донистанд, чун ба иддаои онҳо "ҷавон аз донишгоҳ ронда шуда буд".

Маҳдӣ Ғазозода дар соли севуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мехонд. Наздиконаш гуфтанд, бале, ӯ пештар аз донишгоҳ ронда шуда буд, аммо дубора барқарор гардид.

“Рӯзи ҷумъа, 28-уми апрел, аз даромадгоҳи Донишгоҳи техникӣ, бурдаанд. Аввал ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ, сипас ба комиссарияти ҳарбии маҳаллаи 82-юми Душанбе. Аз онҷо ба хидмат фиристодаанд. Дар пояш ҷароҳат дорад. Пештар ҳам бурда буданд, лекин аз комиссияи тиббӣ нагузашт, ин дафъа ҷавоб надоданд,” – нақл кард Нуқра Назарова охири ҳафтаи гузашта.

Дар комиссариати ҳарбии воқеъ дар маҳаллаи 82-юми пойтахт тасдиқ карданд, ки Маҳдӣ Ғазозода ба хидмати ҳарбӣ бурда шудааст, вале рафтори худро дурусту қонунӣ донистанд. Дар ин идора гуфтанд, ҷавонро ба яке аз қисмҳои низомӣ дар ноҳияи Варзоб фиристоданд.

Дилрабо Самадова, мудири созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, мегӯяд, ҷалби ҷавононе ба мисли Маҳдӣ Ғазозода ба артиш қонунӣ аст, “вале тарзи даъват бояд бар асоси қонун сурат гирад”.

Вай рӯзи сеюми май ба Радиои Озодӣ гуфт: “Баъд аз хориҷ шудан, агар дигарбора барқарор ҳам кунад, ба хидмат ҷалб мешавад. Агар даъватнома нагирифтааст ё бо роҳу воситаҳои ғайриқонунӣ ба хидмат ҷалб шудааст, метавонанд ба Прокуратура шикоят баранд.”

Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон аз якуми апрели имсол оғоз шуд ва то охири моҳи май идома мекунад. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нақшаи даъват тақрибан иҷро шудааст. Мақомот ҳамвора аз афзоиши сафи ихтиёриён мегӯянд, мардум аз афзудани мавридҳои “сарбозшикор”.

Намояндагони созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯянд, дар ин мавсим нисбат ба даъватҳои пешин шикояту нигарониҳо бештар шудааст. “Ба волидон таҳдиду фишор меоранд, то фарзандонро ба артиш фиристанд. Донишҷӯёнро гирифта мебаранд. Донишҷӯён хавотиранд, ки агар диплом нагиранд, ду сол хидмат мекунанд,” – гуфт Дилрабо Самадова.

Ҳар сол дар мавсими даъват ба артиш хабари бо зӯр ё тариқи "облава" ба хидмат бурдани ҷавонон сабт мешавад. Аксарият далели фирор аз артишро ба шароити нохуб ва меҳтарсолорӣ ё «дедовишина» меноманд.

Рӯзи 24-уми апрели имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он кӯҳнасарбозон аскарони навдаъватро мезананд. Мақомот ба он зуд вокуниш нишон дода, гуфтанд, 5 сарбозу як афсарро боздошт карданд. Чизе, ки ба қавли бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шояд ҳақро дар ин қазия ба ҳақдор бирасонад, вале "реша"-и бадрафториро дар қисмҳои ҳарбӣ “хушк" нахоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG