Боғи ҳайвоноти Душанбе дар чӣ ҳолат аст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дархости як мухлиси Радиои Озодӣ моро ба Боғи ҷонварони шаҳри Душанбе бурд. Ин корбар аз шароити нигаҳдории ҷонварон дар ин макон нигаронӣ кард. Акси хирсеро фиристод ва гуфт, тамошобинон ҷонварро бо бадани хуншор ва пур аз захм ёфтаанд.