Наздиконашонро соле ду бор аз пушти шиша мебинанд; дар як рӯз як бор ба ҳавои тоза мебароянд; афв намешаванд. Ин тасвири зиндагии зиндониёнест, ки дар Тоҷикистон ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд.
Ду баробар бештар
Ҷазои сахттарин дар Тоҷикистон ҳабси абад аст. Додгоҳҳои кишвар дар соли 2022 ду баробар бештар чунин ҳукм баровардаанд.
Аҳлиддин Меликзода, сардори раёсати омори Додгоҳи олии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол дар нишасти хабарӣ гуфт, "дар соли 2022 нисбат ба 14 кас ҷазои якумрӣ маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шуд. Нисбат ба соли 2021 шаш маврид зиёд аст."
Даҳ нафари онҳое, ки соли гузашта ҳукми абад гирифтанд, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд:
- Толиб Айёмбеков
- Мунаввар Шанбиев
- Холбаш Холбашев
- Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков
- Хайримамад Дӯстмамадов
- Аслан Гулобов
- Ниёзшо Гулобов
- Наҷмиддин Шерҷонов
- Имомназар Шоиширинов
- Қулмамад Паллаев.
Мақомот онҳоро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва терроризм гунаҳкор карданд. Наздикони аксар зиндониёни якумрӣ ба бегуноҳии онҳо бовар доранд.
Яке аз наздикони Толиб Айёмбеков ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз эълони ҳукми умрбод пайвандони фармондеҳи собиқ бо ӯ як дафъа вохӯрданд. "Бо ҳукм розӣ нест. Барои давлат хидмат карда буд, ду дафъа президент медал дод. Махсусан аз ҳукми якумрии писараш норозӣ аст. Мегӯяд, гуноҳе надоранд. Наздиконаш талош доранд, аммо ягон вакили дифоъ кори онҳоро ба уҳда намегирад," – нақл кард ӯ ҳафтаи гузашта. Ба далели амниятӣ нахост, ки номашро нависем.
Алим Шерзамонов, як намояндаи мухолифон дар Аврупо, ҳукми якумрии аксар онҳоеро, ки дар пайи ҳодисаҳои Бадахшон боздошту муҳокима шуданд, ноодилона хонд.
"Хешовандон дар бораи шароити нигаҳдориашон маълумот надоранд. Намояндагони Салиби Сурх ва ҳатто Созмони Милалро ба назди онҳо роҳ надоданд. Имом Шоимширинов ягон ҷиноят накардааст, фаъоли маданӣ буд. Мақомот қонуншиканӣ мекарданд, бетараф намеистод, ҳамеша мерафт, мепурсид. Дар мавриди чанд нафаре, ки мешиносам, ҷазо ноодилона аст," – шарҳ дод ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфта буд, ки "ҳар касе ба ҷиноят даст зад, тибқи кирдори содиркарда мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд."
"Ҳар чизе муфаттиш навишт, тасдиқ мекунад"
Таҳлилгарон сабаби асосии афзоиши ҳукми абад ва ҷазоҳои сангинро эҷоди тарсу ваҳшат дар миёни фаъолону мухолифон медонанд. Паси дарҳои баста эълон шудани ин ҳукмҳо шубҳаҳоро бештар кардааст.
Ба қавли Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷик ва раҳбари "Бунёди Бузургмеҳр", "албатта, асосҳои қонунии оғоз кардани парванда бо ин моддаҳо ва рафти тафтишу ҳукми судии онҳо зери суол аст. Масалан, бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимият дар рафтори гумонбар вуҷуд дошт ё не, касе таҳқиқ намекунад. Тавре медонем, системаи судии мо системаи мустақил нест ва ҳар чизе, ки муфаттиш ё прокурор навишта фиристод, тасдиқ мекунад."
Соли 2004 баъд аз эълони моратория ё таҳрим ба ҳукми қатл, Тоҷикистон онро ба ҳабси умрбод иваз кард ва барои ҷиноятҳои вазнине ба монанди терроризм, хиёнат ба давлат ва куштори ваҳшиёнаву таҷовуз ба номуси ноболиғон ҳабси абад таъин намуд.
Шумори умумии зиндониёни якумрӣ дақиқ нест. Мақомот дар соли 2017 теъдоди онҳоро 80 нафар гуфта буданд. Дар миёнашон Ғаффор Мирзоев – фармондеҳи пешини Горди Миллӣ, Сӯҳроб Лангариев – бародари фармондеҳи кушташудаи Фронти Халқӣ Лангарӣ Лангариев, Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит – муовинони раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ҳастанд.
"Ҷазо ҳам мегиранд, вале..."
Наздикони Муҳаммадалӣ Ҳайит дар тайи ҳашт соле, ки ӯ дар зиндон адои ҷазо мекунад, борҳо аз вазъи сиҳативу шароити нигаҳдорияш шикоят карда буданд. Писараш Фирӯзи Маҳмадалӣ гуфт, маҳбусони якумрӣ бар иловаи сахт будани низоми нигоҳдорӣ боз ҷазоҳое мегиранд, ки ба сабаби пӯшида будани зиндонҳо маълумот дар бораашон бисёр кам аст.
"Вазъи нигаҳдории падарам ва шахсоне, ки ба монанди ӯ ҳукм гирифтаанд, аз зиндониёни дигар ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, дар як утоқ шумораи муайяни зиндониён, ки камтар аз 3-4 нафар аст, нигаҳдорӣ мешаванд. Дар 6 моҳ як дафъа наздикон падарро аз пушти шиша дида метавонанд, ки вақти он ҳам бисёр маҳдуд аст," – афзуд ӯ.
Мақомот маъмулан иддаҳоро дар бораи шиканҷа ва вазъи бад дар зиндонҳо рад мекунанд.
Пештар дар санади ислоҳи зиндонҳо зикр мешуд, ки теъдоди маҳбусони якумрӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст, аммо барои ин дастаи маҳкумон зиндони махсуси баробар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ вуҷуд надорад. Ҳукумат чанд сол боз дар гузоришҳо ба Созмони Милал аз тасмими бунёди зиндони алоҳида барои маҳбусони якумрӣ хабар медиҳад. Интизор меравад, ин зиндон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ сохта шавад.
Чизе, ки ҳоло наздикони ин гурӯҳи зиндониёнро нигарон кардааст, ин аст ки бо зиёд шудани шумори маҳбусон бо ангезаҳои сиёсӣ ва маҳкум ба ҷазоҳои сахт, дар зиндонҳои пӯшида, шароити нигаҳдорӣ торафт бадтар мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад