Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ба пирӯзӣ дар интихоботи президентии Туркия табрик кардааст.
Ӯ рӯзи 29-уми май дар номааш ба Эрдуғон навишта, ки натиҷаи интихобот бозгӯйи "боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба шумо аст."
Президенти Тоҷикистон ибрози умед кардааст, ки дар замони раҳбарии Эрдуғон ҳамкории ду кишвар боз беҳтар хоҳад шуд. Эрдуғон дар мансаби сарвазир ва сипас раиси ҷумҳурӣ бист сол боз ҷилави ҳукуматро дар Туркия ба даст дорад.
Ба иттилои расмӣ, дар даври дуюми интихоботи Туркия дар рӯзи 28-уми май Эрдуғон беш аз 53 дарсади раъйи мардум (26 миллион нафар)-ро ба даст овардааст.
Рақиби ӯ, номзади мухолифон Камол Қиличдороғулу, зиёда аз 47 дарсади раъйи мардум (24 миллион нафар)-ро соҳиб шуда.
Номзади мухолифон ин давр аз интихоботро "ноодилонатарин тайи солҳои гузашта" хонд ва эълон кард, ки ба муборизаи худ алайҳи давлати Эрдуғон идома хоҳад дод.