Думан Муҳаммадкарим - рӯзноманигори қазоқ боздошт шуд

Думан Муҳаммадкарим

Пулиси Қазоқистон рӯзноманигор Думан Муҳаммадкаримро боздошт кард. Дар ин бора Галим Нурпеисов, вакили мудофеи вай рӯзи 28 май хабар дод.

"Думанро дубора боздошт карданд. Замоне ки вай дар боздошт буд, дар ютубканали вай чанд навор нашр шудааст. Дар яке аз он наворҳо гӯё вай ба "гирдиҳамоӣ" даъват кардааст", - гуфт вакили мудофеъ.

Муаллифи саҳифаи ND дар YouTube Думан Муҳаммадкарим барои вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ ду бор ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, 25 рӯз дар ҳабс буд. Ӯро ду рӯз пеш аз боздошти ахираш аз ҳабс озод карда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Қазоқистонро барои таъқиби рӯзноманигорон танқид мекунанд. Мақомоти Қазоқистон мавҷудияти таъқибҳои сиёсиро дар кишварашон рад мекунанд.