Гумонбари асосии ҳамла ба бинои Капитолий 18 сол зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Амрико асосгузори созмони "Ҳомиёни савганд" Стюарт Роудсро ба гуноҳи ташкили ҳамла ва ҷиноятҳои дигари вобаста ба ҳодисаҳои январии соли 2021 дар Иёлоти Муттаҳида 18 сол зиндонӣ кард.

Моҳи январи соли 2021 ҷонибдорони президенти вақти Амрико Доналд Трамп ба бинои порлумони Амрико ҳамла карда, талоши эҷоди монеа ба кори Конгрессро доштанд.

Дар рӯзи ҳамла ба Капитолий порлумон ё Конгресси Амрико мехост, пирӯзии Ҷо Байденро дар интихоботи моҳи ноябри соли 2020 тасдиқ кунад.

Роудси 57-сола ҳанӯз моҳи ноябри соли 2022 аз сӯи додгоҳ гунаҳкор эътироф шуда буд.

"Бо ҷасорат мегӯям, ки ҷаноби Роудс, - ҳарчанд ман инро ба касе нагуфтаам, - шумо ба таври мудовим хатар эҷод мекунед ва ба демократияи мо ва устувории ин кишвар таҳдид мекунад", - гуфтааст додраси парванда.

Роудс пеш аз қироати ҳукмаш гуфтааст, ӯ зиндонии сиёсист ва дар муқобили шахсоне қарор гирифтааст, ки "кишварро тахриб мекунанд".