Як сокини вилояти Волгогради Русия, ки дар оташ задани Қуръон гумонбар мешавад, ба боздоштгоҳи шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон интиқол дода шуд. РИА Новости мегӯяд, Никита Журавелро дар назди боздоштгоҳ эътирозгарон бо шиору навиштаҷот пешвоз гирифтанд. “Бархе ба муҳокимаи мардумӣ” даъват карданд, дигарҳо навиштаанд: ”Даст аз Қуръон бардор”, “Русия кишвари мазҳабҳои мухталиф аст” - омадааст дар хабар.
Дар бораи ин ки Журавелро дар Чеченистон муҳокима мекунанд, қаблан Аҳмад Дудаев, вазири умури миллатҳо дар ҳукумати ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ хабар дод ва гуфт, ки қарор бо ташаббуси сохторҳои федеролӣ гирифта шудааст. Пеш аз ин дар бораи ба ихтиёри Чеченистон гузаштани муҳокимаи парванда раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ҳам супориш дода буд.
Никита Журавел 19 сол дорад ва ӯро дар таҳқири эҳсосоти мазҳабӣ гунаҳгор мекунанд. Ба ӯ то 3 соли зиндон таҳдид мекунад. Рӯзи душанбе додгоҳи шаҳри Волгоград ӯро ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ҷаласа Журавел аз мусалмонон узрхоҳӣ карда гуфтааст, ки «хатои баде кардааст».
Тафтишот гуфтааст, Журавел Қуръонро гӯё бо супориши Хадамоти амнияти Украина дар пасманзари масҷиди ҷомеаи Волгоград оташ задааст. Гӯё барои ин ба ӯ 10 ҳазор рубл ваъда шудааст. Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишот гуфт, ки Журавел ба гуноҳаш иқрор шудааст.